18:25 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Военный самолет, архивное фото

Размоиши муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

© Sputnik / Максим Блинов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Интизор меравад авохири моҳи июли соли равон дар ВМКБ нахустин размоиши ҳарбии низомиёни Тоҷикистону Чин баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  тамринҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин доир мегардад, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Зикр мегардад, ки ин нахустин тамрини муштараки низомиёни тоҷику-чинӣ хоҳад буд. Бино бар хабари манбаъ, машқи низомӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ки бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, баргузор мешавад.

Гуфта мешавад дар тамрини мазкур аз тарафи Тоҷикистон нерӯҳои ҳавоӣ, дифои ҳавоӣ ва қушунҳои пиёдагард ширкат меварданд. Ҳамчунин иштироки ҳайати гарнизони ҳарбии ВМКБ низ дар назар  аст.

Кадом ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлати Чин дар машқгоҳ иштирок мекунанд, то ҳол номаълум аст.

Оғози тамринҳои низомии густурда бо иштироки ҳарбиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон

 Ёдовар мешавем,ки низомиёнии Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз соли 2016 дар қаламрави ВМКБ тамрини ҳарбӣ гузаронида буданд. Вале он замон Ҷумҳурии халкии Чинро артиши миллии кишвараш намояндагӣ намуд.

 Низомиёни Тоҷикистону Чин дар тамринҳо, амалҳои муштаракро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Чин, мавриди таҷрибаву амал қарор медиҳанд.

Барои иштирок дар тамринҳо ҳамчунин нерӯҳои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ низ сафарбар мешавад.

Барчаспҳо:
Бадахшон, низомиён, ҳарбӣ, тамрин, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ