19:57 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото

Расулзода: навсозии роҳи “Душанбе-Бохтар”-ро вусъат бахшеду, онро бо сифати баланд супоред

© Сайт президента Кыргызской Республики
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
701 0 0

Шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” яке аз шоҳроҳҳои байналмилалиест, ки пойтахти кишварро бо маркази вилояти Хатлону ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон, дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваст менамояд

ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз раванди корҳои сохтмон ва навсозии шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” дидан кард, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” 33,2 километрро дар бар гирифта, баъди татбиқи лоиҳа роҳ аз категорияи “III“ ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Татбиқи  лоиҳа бо маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Рушди Осиё, Фонди ОПЕК ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 бунёд карда шавад.

Нигаронии Расулзода аз кунд будани раванди бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар

Тибқи нақша, дар ҷараёни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” 39, 6 километро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Айни замон дар ин қитъа корҳои омодасозӣ бо суръат ҷараён дошта, мувофиқи нақша бояд соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар ҳамин ҳол, Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон масъулонро вазифадор намуд, ки раванди корҳои сохтмону навсозиро вусъат бахшида, ин иншооти муҳимро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода диҳанд.

Расулзода нақши сармоягузориҳои Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Ҳамчунин бо иштироки Сарвазири мамлакат роҳи байни деҳаҳои Ваҳдат ва Сомониёни деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби ҶСП Ширкати Холдингии Исмоили Сомонӣ сохта шудааст.

Масофаи роҳ қариб се километр буда, дар баробари равшаннамоӣ ҳамзамон роҳравҳои ду канори он низ сафолакпӯш карда шудааст.

Роҳи байни деҳаҳои Ваҳдат ва Сомониёни деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ сохта шудааст.

Барчаспҳо:
шоҳроҳ, роҳ, сарвазир, нахуствазир, Қоҳир Расулзода, Расулзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ