Меркел боз дарақ-дарақ ларзид: ҳайрати сарвазири Финландия – Навор

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкФедеральный канцлер Германии Ангела Меркель
Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар интернет боз навори ларзидани нахуствазири Олмон Ангела Меркел паҳн шудааст. Ин дафъа вай сарвазири Финландия Антти Риннеро ба ҳайрат гузошт

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ҳангоми мулоқот бо сарвазири Финландия Антти Риннеро нотоб шудааст.

​Ҳангоми мулоқоти расмӣ сарвазири Финландия Антти Ринне рӯзноманигорон ларзидани Меркелро боз ба навор гирифтаанд.

Дар наворе, ки дар интернет пайдо шудааст, Меркел дарақ-дарақ меларзад.

Визит Президента Украины Владимира Зеленского в Федеративную Республику Германия - Sputnik Тоҷикистон
Меркел ҳангоми мулоқот бо Зеленский дарақ-дарақ ларзид - Видео

Дар навор дида мешавад, ки Меркел кӯшиш мекунад худро идора кунад, аммо бе натиҷа ларза тамоми бадани ӯро фаро мегирад.  Дар навор дида мешавад, ки ӯ чанд бо дасташро пеш мегирад, то каме вазъашро контрол намояд, аммо бенатиҷа.

Сарвазири Финландия бошад чи кор карданашро намедонад ва бо ҳайрат ба ӯ менигарад.

Ин тайи як моҳи охир севумин ҳодисаи ларзидани Меркел дар мулоқотҳояш аст. Ӯ пештар ҳангоми пешвози раисҷумҳури Укураина Владимир Зеленский ва мулоқот бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба ин аҳвол гирифтор шуда буд.

Дертар нахуствазир ин ҳодисаро шарҳ дод ва гуфт, ки сабаби ларзиданаш ҳавои гарму бемадорӣ буд.

Лентаи хабарҳо
0