14:26 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Девочка набирает холодную воду из фонтана

Ҳушдори обуҳавошиносон: тӯли 7 рӯзи оянда гармии ҳаво то ба 42-45 дараҷа мерасад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
317 0 0

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз имрӯз, 11 то 18 июли соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳарорати ҳаво рӯзона баланд шуда, гармӣ дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ба 40 – 42 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ ба 43 -45 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik.  Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 11 то 18 июли соли равон ҳарорати ҳаво баланд шуда, ҳарорати дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ба 40 – 42 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ ба 43 -45 дараҷа  мерасад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри  бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, ҳушдор, болоравӣ, ҳарорати гарми ҳаво, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ