14:00 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Таджикистан празднует День национального единства

Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳу беморхона ифтитоҳ кард, ки соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12110

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар маросими ифтитоҳи роҳи “Себистон-Гулафшон” ва Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар деҳаи Талхоби деҳоти Оқсу иштирок кард

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон”-ро ифтитоҳ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷмуҳури кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, роҳи Себистон-Гулафшон” аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардид.

Роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” 21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik Официальная страница президента РТ в Facebook

“Дар доираи навсозии роҳи “Себистон-Гулафшон” корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 қубури калонҳаҷми обпарто хобонда шуда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро гардид”, таъкид намуд манбаъ.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд намудааст, деҳоти Оқсу аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр дур ҷойгир аст ва акнун бо навсозӣ роҳ чандин маротиба наздик ва вақти сафар кӯтоҳ карда шуд.

Роҳи навсозишуда ҳудуди деҳаҳои Себистон, Гулафшон, Талхов ва Қули Суфиёнро дар бар мегирад ва 14 километри роҳ аз ҷониби бародарон Пировҳо пурра таъмир шуда буд.

Раҳмон ба Данғара рафту аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан кард

Қули Суфиён дуртарин деҳаи деҳоти Оқсу мебошад, ки аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ҷойгир аст.

Акнун аҳолии деҳаҳои деҳоти Оқсу бемамониат тамоми фасли сол аз роҳи тахту ҳамвор самаранок истифода мебаранд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи роҳи нав гуфт,  роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногун хизмат мекунанд.

“Бунёди роҳҳои нав ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад”, -афзуд Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара барои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёди 300 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва аз ин миқдор аллакай қариб 80 адад ба истифода супорида шудааст.

Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара то шаҳри Душанбе

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ кард.

Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар ин деҳаи дурдасти ноҳия, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Қули суфиён ва Қунғуртут хизмат хоҳад расонд.

Маркази саломатӣ ва таваллудхона аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо бунёд шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, 1 ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.

Аз рӯи лоиҳа дар Маркази саломатӣ 7 ҳуҷра ва дар таваллудхона 9 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, шикастабандӣ, муолиҷавӣ, хатна ва таваллуд бунёд шуда, ҳамаи утоқҳо барои муолиҷаи беморон, таваллуд ва нигоҳубини модару кӯдак бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки оилаи Ҷамиловҳо ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии ватан ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолият аз ҳисоби даромади Хоҷагии деҳқонии худ — “Шингиҳо” ва маблағи барои ҳаҷ ҷамъ намудаашон тадбирҳои ободониро дар ватан вусъат медиҳанд.

Барчаспҳо:
бемористон, роҳ, маросими ифтитоҳ, раисҷумҳур, Тоҷикистон, Данғара, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ