14:02 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Доллары США и таджикские сомони, архивное фото

Мубодилаи ғайриқонунии асъор дар Тоҷикистон: парвандаи ҷиноӣ нисбати ду соҳибкор

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Ду сокини ноҳияи Ҳисор соҳибкории инфиродӣ ба қайд гирифта, ба фаъолияти ғайриқонунии мубодилаи асъор машғул шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Ҳисор бо ҷурми мубодилаи асъор ба таври ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

“Дар ин кор сокинони ноҳияи Ҳисор – Мусулмонов Маҳмадалӣ Саидович ва Мирзоев Сунатулло Муҳибуллоевич гумонбар дониста мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Қайд шудааст, ки соҳибкорони хусусӣ Мусулмонов ва Мирзоев дар кӯчаи Аловуддинови шаҳри Ҳисор ба таври ғайриқонуни нуқтаи мубодилаи асъор ташкил намудаанд.

Ҳарду соҳибкор аз ҷониби кормандони зудамали милиса ҳангоми мубодилаи асъор бо шахси пешакӣ маслиҳат шуда, дастгир шудаанд. Шахси  маслиҳатшуда (подставной покупаль)  аз онҳо 3 ҳазор доллар харидорӣ кардан мехостааст.

Нисбати ин щарду сощибкор парвандаи ыиноь боз шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ