09:07 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Покупка мороженого в жаркий день

Боз ҳушдор: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 41 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабри бебориш шуда, гармии ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон ба 39+41 дараҷа мерасад.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17, рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 3-8, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 22+24, рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 18+20, рўзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ