Ҳукумат дастури қатъи хизматрасонии симкортҳо баъди 15 августро надодааст

© © Sputnik / Амир ИсаевОчередь в салоне сотовой связи в Душанбе
Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, Ҳукумати кишвар дастур надодааст, ки хизматрасонии симкортҳое, ки то 15 август ба қайд гирифта намешаванд, қатъ гардад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Ҳукумат дар қароре, ки моҳи феврали соли равон нашр гардид, ба Хадамоти алоқа 6 моҳ муҳлат додааст, то симкортҳоро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Се сол зиндон ё то 82 ҳазор сомонӣ ҷарима: шарҳи ҷазо барои додани симкорт ба нафари дигар

Ӯ гуфт, Хадамот талош мекунад, ки дар муҳлати муайянкардаи Ҳукумат – то 15 августи соли равон сабти симкортҳоро бо пешниҳоди шиносномаҳои нав амалӣ кунад. Атоев инчунин эҳтимоли пешниҳод барои тамдиди ин муҳлатро истисно накард.

Ба гуфтаи Атоев, роҳандозии сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав, заминасозӣ барои гузаштан ба Ҳукумати электронӣ буда, бахшҳои гуногун аз маориф то амнияти шаҳрвандонро фаро мегирад.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон феълан 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Аз ин теъдод феълан 1 миллиону 808 ҳазор симкорт бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд гирифта шудаанд ва зарур аст, ки тайи як моҳи оянда беш аз 3 миллиони дигар дубора сабт гарданд.

Дар ҳамин ҳол масъулини Хадамоти алоқа дар посух ба суоли рӯзноманигорон барои тамдиди муҳлати сабти дубораи симкортҳо, эҳтимоли ироаи чунин пешниҳодро ба Ҳукумат истисно накарданд.

Лентаи хабарҳо
0