03:53 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Предупреждающий знак о высоком напряжении, архивное фото

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
351 0 0

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишвасти матбуотӣ дар Душанбе аз афзоиши тавлилиди нерӯи барқ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 10 млрд. 130 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 617,1 млн кВт соат зиёд шуда, суръати афзоиш 106,5 дарсад таъмин гардидааст (бо дарназардошти 286 адад НБО-и хурд).

"Барқи тоҷик": аз бори гарони қарзи 23 миллиардӣ то рӯъёи империяи "энергияи сабз"

Аз ҷумла вазир таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ШСХК “Барқи Тоҷик” 8 млрд,74,9 млн. кВт соат, ” Сангтуда-1” 1 млрд. 286,5 млн. кВт соат, “Сангтуда-2” 443,9 млн. кВт соат, “Помир-Энержҷӣ” 104,4 млн. кВт соат нерӯи барқ тавлид кардаанд.   

Дар ҳамин ҳол,  Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 1 млрд. 257  млн. кВт соат нерӯи барқ содирот намудааст.

Аз сармоягузории “Роғун” то таҷдиди “Барқи тоҷик”: мулоқоти БМТ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳури таъкид намудааст, содироти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 314,2 млн. кВт соат афзоиш ёфтааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон пардохти пул аз ҷониби муштариёни дохилили кишвар беш аз 1 млрд. 276 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 270,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзи дебитории ширкати “Барқи Тоҷик” дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 2 млрд. 509,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.  

Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Маврид ба зикр аст, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки барои барқарор намудани ширкати холдингии "Барқи тоҷик" кумак намоянд.

Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" алъон дучори мушкилоти молӣ  буда, қарзи ин ширкат солона ба таври қобили мулоҳиза зиёд мешавад. Агар то 1 январи соли 2018 он 15 миллиард буд, то 1 январи соли равон ба 23 миллиард сомонӣ расидааст.

Барчаспҳо:
содирот, нерӯи барқ, истеҳсол, тавлид, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ