06:21 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Зона отдыха на берегу реки Сырдарья

Ғарқшавии ҷавонзану духтари 16-сола дар Исфара

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1157 0 0

Як ҷавонзани 26-сола ва як духтари 16- сола, ҳарду сокинони шаҳри Исфара ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Исфара ғарқ шудаанд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин ду сокини шаҳри Исфара, яке ҷавонзан Х.Н., сокини ҷамоати Навгилем ва дуюмӣ духтари ноболиғ Р.О. , сокини ҷамоати Шаҳрак и Исфара рӯзи 14-уми июл ба шиноварӣ машғул шуда, аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд. Ҷасади онҳо тахминан соатҳои 16:10 аз об берун оварда шуда ва дар маҳаллаҳояшон бо хок супурда шудааст.

Зимнан ин нахустин ҳодисаи ғарқшавии сокинон бар асари шиноварӣ аз ҳисоби занону бонувон ба ҳисоб меравад, ки дар шаҳри Исфараи Суғд рух додааст.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, давоми даҳ рӯз, сар аз санаи 1-ум то 10-уми июл, 6-ҳодисаи ғарқшавии сокинон дар руду обанборҳои Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки дар 3 ҳолат ноболиғон будаанд.

Ҳоло ба ҳисоби ин ду сокини шаҳри Исфара, шумори ҳалокшудагон бар асари шиноварӣ то 14-уми июл, ба 11 ҳодиса расидааст.

Дар рӯзи 13-уми июл Р.Д. сокини 16- солаи шаҳри Истиқлол, ҳангоми шиноварӣ дар обанбори “Бинокор” и Истиқлол ғарқ шудааст.  Р. Д., синфи 9 буд.

Ду рӯз пеш аз ин, санаи 11-уми июл, ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров ба қайд гирифта шудааст, ки бар тибқи он як сокини 31- солаи шаҳраки Ғафуров дар обанбори Баҳри Тоҷик ва дуюмӣ Улуғбек Қодиров, 26 -солаи сокини ҷамоати Чашмасори ноҳия дар руди Сир ба ҳалоқат расидаанд.  

КҲФ, то санаи санаи 9-уми июл, аз ғарқшавии 64 -нафар аз ҳисоби шиноварӣ дар кӯлу руду обанбонҳори кишвар хабар дода буд, ки

28 нафари онҳо то 16 -сола ва синни 36 тани дигар болотар аз 17 сола рақам зада мешуд.

Барчаспҳо:
оббозӣ, ғарқ, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ