21:23 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии

Ширкати алюминии тоҷик боғи марказии Кӯлобро навсозӣ мекунад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15310

Боғи маркази навсозишудаи шаҳри Кӯлоб то 9 сентябри соли равон ба истифода дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ширкати алюминии тоҷик тасмим гирифтааст боғи марказии шаҳри Кӯлобро навсозӣ кунад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон тибқи нақша мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб корҳои ободонию созндагӣ бо маром идома доранд.

Ҷоизаи Президент ба Кабиров, Ятимов, Шоҳиёну дигарон барои иҷрои фармоиши Ҳукумат

“Аз ҷумла, Боғи маркази шаҳр, ки 15 га масоҳат дорад, аз тарафи Ширкати Алюминии тоҷик азнавсозӣ карда шуда, то 9 сентябри соли равон бояд мавриди истифода қарор дода шавад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.

Манбаъ хабар додааст, ки айни замон  200 нафар коргарони маҳаллӣ дар сохтмон ва азнавсозии боғи мазкур ширкат доранд.

Нигаронии Аҳмадзода аз вазъи бади боғи фароғатии "Наврӯзгоҳ"

Инчунин бино бар иттилои манбаъ дар боғи мазкур сабзонидани дарахтони ороишиву сояафкан, сафолакпӯшӣ намудани роҳравҳо ҷараён дорад. То имрӯз 60 дарсади корҳо ба анҷом расидааст.

Барчаспҳо:
истироҳат, Боғи фароғатӣ, навсозӣ, боғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ