17:31 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Раҳмон ба “Фараж”: бе иҷозати ман аксамро чоп накунед, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешавед

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
521101

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ аз хабарнигори рӯзномаи “Фараж” талаб кард, ки дигар дар рӯзнома аксашро нашр накунанд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, аз чопи аксҳояш дар рӯзномаи “Фараж” изҳори норозигӣ кард ва қатъиян талаб кард, ки аксашро дигар бе иҷозаташ нашр накунанд.

“Пеш аз суоли Шумо мехоҳам як чизро қайд намоям. Шумо нашркардани аксамро бе иҷозати ман дар рӯзномаатон бас кунед. Набошад ман масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани Шуморо мебинам”, - ҳушдор дод Юсуф Раҳмонӣ ба хабарнигори рӯзномаи “Фараж”.

Аз ҷумла Додситони кулли Тоҷикистон ба масъулини рӯзномаи “Фараж” гуфт, ки аксҳояшро дигар дар рӯзнома дар баробари шахсони ҷинояткор чоп накунанд. 

“Дар бари ягон ҷинояткор мондани акси Прокурори генералиро бас кунед. Ман аз Шумо қатъиян талаб мекунам. Шумо шаҳрванд ҳастед, ҳамчун шаҳрванди қаторӣ ва ҳамчун масъули рӯзномаи “Фараж” ҷавоб мегуед” – таъкид намуд Юсуф Раҳмон.

Вай тавзеҳ дод, ки бидуни далелҳои исботшуда рӯзнома ҳуқуқи нашр кардани мақоларо надоред.

Вай афзуд, тибқи қонун дар бораи матбуот, мавод замоне ба чоп мерасад, ки он тасдиқи худро ёфта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, додситони кулл тавзеҳ надод, ки кай ва дар кадом нашрияи “Фараж” аксҳои ӯ дар баробари ҷинояткорон ба чоп расидааст.

Барчаспҳо:
ҷавобгарӣ, ҳушдор, акс, "Фараж", Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ