22:01 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Расулзода: Тоҷикистон омодааст равобити иқтисодиву иҷтимоиашро бо Корея тавсеа бахшад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Дирӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати ду кишвар баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik.  Дирӯз дар Душанбе дар доираи музокироти ҳайатҳаои расмии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея вохӯрии хоссаи  Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои кореягиаш Ли Нак Ён, баргузор шуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқоту музокирот ҳайатҳои расмии ду кишвари масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамгироиро байни Тоҷикистону Корея мавриди муҳокима қарор доданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки мақомоти Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки сафари сарвазири Ҷумҳурии Корея ба  Тоҷикистон  ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Инчунин зимни мулоқот зикр шуд, ки гардиши молу маҳсулот дар соли гузашта нисбат ба соли 2017 1,7 маротиба зиёд гардид.  Дар панҷ  моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Корея 13 миллион долларро ташкил додааст.

Орумбекзода: мардуми Тоҷикистон ба фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хоса доранд

Аз рӯзҳои аввали барқарор намудани робитаи дўстӣ миёни ин ду кишвар аз Ҷумҳурии Корея ба соҳаи иқтисоди Тоҷикистон тариқи сармояи мустақим 54 миллион доллар ворид гардидааст.

Дар робита ба  ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, роҳҳои афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея  таъкид гардид, ки новобаста аз афзоиши нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд ва дар оянда боз ҳам фаъол гардонидани ниҳодҳои дахлдор зарур аст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҷонибҳо доир ба иҷрои нақшаи муштараки ҳамкорӣ барои афзоиши  ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар баробари дигар маҳсулот метавон аз Тоҷикистон ба Корея маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои сифати баланд мебошад, содирот кард.

“Ҳарду ҷониб аз сатҳу сифати ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, обу экология ва дигар масъалаҳои доғи рўз таъкид доштанд”, - қайд намудааст манбаъ.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея аз 28 апрели соли 1992 барқарор гардида, то имрўз дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистону Корея дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти доғи рўз идома меёбанд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея ду санади нави ҳамкорӣ- Лоиҳаи Созишнома доир ба расонидани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Корея ва Лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Сафорати Корея дар  Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба таъсиси гӯшаи Корея ба имзо расонида шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ