22:13 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Гирдиҳамоӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон гуфт, ҷонибдори бардоштани ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ нест ва шарҳ дод чаро

© Sputnik / Ратушенко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1934 0 0

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мухолифаташро ба баррасии ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баён дошт

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, ба суол дар бораи таҳқиқи ҳаводису ҳолатҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла бедаракшудаҳо посух дод, ки зарурати зинда кардани хотираҳои он солҳоро намебинад.

Ӯ таъкид кард, ки хушбахтона ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол пеш хотима ёфт ва мухолифаташро бо бардоштани ҳолату ҳодисаҳои он замон баён кард. Додситони кул муътақид аст, ки ҳеч зарурат ба зинда кардани хотираи мардум бо бардоштани ҳаводиси мудҳиши он солҳо ҷой надорад.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 давом дошта, ҳудуди 150 ҳазор кушта барҷой гузошт.  Рӯзи 27- уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушунид барои сулҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллоҳ Нурӣ, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро ба имзо расониданд.

Санаи имзои ин ҳуҷҷат ҳамасола чун Рӯзи Ваҳдат таҷлил мегардад. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  беш аз 150 ҳазор кушта барҷой гузошта, садҳо ҳазор шаҳрванди дигарро гуреза кард. Тибқи маълумоти мухталиф, хисороти молие, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон оварда буд, аз 7 то 10 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ