18:05 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото

Обуҳавошиносон ҳавои гарму бебориш пешгӯӣ доранд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҳаво тағйирёбандаву гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои пойтахт камабру бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+36  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 17+22 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
бебориш, гармо, обу ҳаво, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ