Обуҳавошиносон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 23 июл то 46 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки аз 19 то 23 июли соли равон ҳаво дар ҷумҳурӣ гарм шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ба 44+46 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 40+43  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 20+25 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0