06:06 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
1074 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 19 июл якчанд қонунҳоро имзо кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имрӯз аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда”, “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Гуфта мешавад, ки қонунҳои ба имзорасида ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, бо оби тозаи нӯшокӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ намудани воридоти дорувории пастсифат, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба интихоботи озоду шаффоф ва беҳдошти зиндагии мардуми кишвар равона карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи симкортҳо ва дороии мансабдоронро имзо кард

Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Маълум шуд, ки киҳо метавонанд шиносномаашонро барои симкорт иваз накунанд

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)

Мавзӯъҳои асосӣ