07:55 24 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.45
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии мудири бахши таъминоти ҳуқуқии ин Хадамот озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, маоши мансабии мудири бахши таъминоти ҳуқуқии ин ниҳод 1 ҳазору 258 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.

Дар эълон таъкид шудааст, ки довталабон бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби мазкур мувофиқро дошта бошанд.

“Се сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ”, - аз ҷумлаи талаботи дигари Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз довталабони ин мансаб мебошад.

Ин ниҳод аз довталабон даъват кардааст, ки асноди заруриро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ – 5/1, ошёнаи 6 – ум, қисми Б пешниҳод кунанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ телефонҳои 236-53-57, 236-50-26 ироа шудаанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ эълони мазкурро 18 июл нашр карда, тавзеҳ додааст, ки ҳуҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад.

Ин ниҳод дар мавриди маош таъкид кардааст, ки иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ