20:16 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1441 0 0

Гурӯҳи корӣ аз Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ба ВМКБ сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини сарвазир Маҳмадтоҳир Зокирзода ба шаҳри Хоруғ рафтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ҳукумати ВМКБ, гурӯҳи корӣ дар шаҳри Хоруғ аз бозори марказии шаҳри Хоруғ ва иншоотҳое, ки аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти сохта мешаванд дидан намудаанд.

"Маҳмадтоҳир Зокирзода аз ҷараёни сохтмонҳо дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда ба муттасадиён барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузориши манбаъ, баъди боздид гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ноҳияи Роштқалъа сафар намудаанд.

Дар ноҳияи Роштқалъа ҳайати расми аз сохтмони иншоотҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз наздик шинос гардидаанд.

Нигаронии Зокирзода аз нархи осмонии меваю сабзавот дар Бадахшон

"Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ки сарпарасти ноҳияи Роштқалъа мебошанд дар ҳамкори бо ширкати Помир Энержи корҳои зиёдеро баҳри ободонии ин диёр ба анҷом расондааст. Аз ҷумла таъмири муассисаҳои таълими, сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тусиён ва деҳаи Қалъаи ноҳияи Роштқалъа далели ин гуфтаҳо мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад

Манбаъ афзуда, ки зимни сафари корӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода бо мардум сӯҳбати ошкоро баргузор намудааст.

Барчаспҳо:
Маҳмадтоир Зокирзода, Хоруғ, Роштқалъа, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ