22:47 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Лавҳаи Оинаи таърих дар Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аксҳои собиқ раисони ноҳияро дар бар мегирад

“Тойота” гирифту 114 ҳазор доллар пора: акси раиси фирории ноҳияро канданд

Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4900 0 0

Аксҳои Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз лавҳаи ифтихорӣ, аз ҷумла аз қатори ҳамтоёни дигараш дар “Оинаи таърих”-и ҳукумати ноҳия барчида шуда, ба феҳрасти афроди таҳти пайгард шомил шудааст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik.  Акси Абдусамад Маннонзодаро, ки дар порахурӣ гумонбар дониста мешавад, аз лавҳаи таърихии ҳукумат, ки расмҳои собиқ роҳбарони ноҳияро дар бар мегирифт, канданд.

Абдусамад Маннонзода баъд аз Содиқ Мирхолиқов ва пеш аз Зариф Назирӣ, раиси ҳозира, давоми солҳои 2013-2015, раиси ноҳияи Б. Ғафуров буд.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров гуфт, азбаски алайҳи Маннонзода бо моддаи порахурӣ парванда боз шуд, дар ҳукумати ноҳия ба ин қарор омадаанд, ки бигзор акси раиси муттаҳам дар фасод канда шавад.

Раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд алайҳи Манонзода дар оғози соли 2016, баъди озод шуданаш аз мансаби раисӣ, бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд.

Масъулони раёсати Ожонси зидди фасод дар Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи парвандаи Абдусамад Маннонзода гуфтанд, ки ӯ дар вақти раиси ноҳияи Б. Ғафуров буданаш, барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

"Умаров Б. У. аз 17. 08 соли 2013 то 29. 12 соли 2014 ҳангоми дар вазифаи раиси Ассосиатсияи илмӣ - истеҳсолии ба номи Р. Набиеви н. Б. Ғафуров кор карданаш,  бо роҳи қаллобӣ барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба ҶДММ "Аҳмадов А” ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳисоби хоҷагии номбурда аз шаҳрванд Шарипов М. М. 100000 доллари ИМА гирифта, ба собиқ раиси н. Б. Ғафуров Абдусамад Маннонзода додааст. Ҳамчунин моҳи марти соли 2014 барои бо қарори худ вобаста намудани қитъаи замини мазкур 14000 доллари ИМА ва автомашинаи сабукрави тамғаи "Тойота камрӣ” бо арзиши 26000 доллари ИМА ба сифати пора гирифтааст”, - шарҳ доданд масъулини Ожонс.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи фасодкорӣ бо қарори раиси ноҳия таҳти № 437 аз 13 майи соли 2014 ба ҷамъият 2, 45 гектор замини боғоти обӣ ҷудо карда шудааст.

“Аз санаи 01. 03 2017 нисбати Умаров Б. У., бо моддаҳои 247 қисми 4 банди "б” ва 279 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷкистон ва нисбати А. Маннонзода бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди "г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бинобар дар кофтуков қарор доштани охирон парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолот боздошта шудааст,”- шарҳ дода буд, Иброҳимзода Карим Иброҳим, сардори раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд.

Аммо дар баробари оғози парвандаи ҷиноӣ, собиқ раиси ноҳия, аз маҳалли зисташ, воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров фирор кард. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки бинобар ғайб задани Манонзода, ӯ таҳти пайгард қарор дода шуда, феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Абдусамад Маннонзода баъд аз Содиқ Мирхолиқов, дар соли 2013 раиси ноҳияи Б. Ғафуров таъин шуда, ҳудуди се сол дар ин мақом кор кард.  Дар оғози соли 2016, ӯро дар ин мансаб Зариф Назирӣ, раиси ҳозираи ноҳияи Б. Ғафуров иваз намуд. Қабл аз раис таъин шуданаш Маннонзода, сардори идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буд. Сар аз соли 2016 собиқ раиси ноҳияи Б. Ғафуров дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ