Пул бисёр мешавад: Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин масъаларо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолидин Нуралиев  бо роҳбари ҳайати бонки "Credit  Suisse"-и Швейтсария Лахос Фаркас баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо бонки "Credit  Suisse"-и Швейтсария дар мулоқоти Ҷамолидин Нуралиев  бо роҳбари ҳайати бонки "Credit  Suisse"-и Швейтсария Лахос Фаркас,  дар Душанбе баррасӣ гардидааст.

Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз супориши Раҳмон: дар БМТ қарорҳо қабул карданд

Бино ба гузориши манбаъ, Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони бонки "Credit Suisse", масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи кунунии низоми бонкии кишвар, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Инчунин мусоҳибон  имконияти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар бахши молиявӣ тавассути амалиёти байнибонкӣ ва барқарор намудани суратҳисобҳои муросилотиро матраҳ намудаанд.

Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев диққати меҳмононро ба самтҳои муҳим ва афзалиятнок, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории судманд дошта,  бонки "Credit Suisse" метавонад дар ҷумҳурии мо бо имкониятҳои бештару хубтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Дар мулоқот роҳбари ҳайати "Credit Suisse" Лахос Фаркас омодагии худро ҷиҳати мусоидат барои ба роҳ мондани ҳамкории  дуҷонибаи судманд изҳор доштааст.

Манбаъ афзуда, ки бонки "Credit Suisse"- яке аз бонкҳои пешрафта ва дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва молия маҳсуб ёфта, дар 50 давлати ҷаҳон  намояндагиҳои худро  таъсис додааст, ки фаъолияти муваффақ доранд.

Лентаи хабарҳо
0