Мулоқоти сафир бо вазир: густариши муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА

© ВУХ ТоҷикистонМулоқот бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқот бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин муҳриддин дидору мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Эмомали Рахмон встретился со спецпредставителем США по вопросам мира в Афганистане Залмаем Халилзадом - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи махсуси ИМА-ро қабул кард

Пештар сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook наворе нашр кард, ки дар он сафари ин кишвар дар қурутобхонае дар Душанбе маззаи хӯроки миллии тоҷиконро мечашад.

Ёдрас мешавем, ки Ҷон Марк Поммершейм дар роҳбарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Ковертро иваз кард.

Ҷон Марк Поммершейм дипломати касбӣ буда, соҳиби мақоми консул аст ва аз соли 1990 дар низоми сиёсати хориҷии Амрико кор мекунад. Ӯ ахиран муовини роҳбари намояндагии сафорати Амрико дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон буд.

Поммершейм қаблан дар консулгарии Амрико дар шаҳри Владивостоки Русия ва ҳамчунин дар 6 намояндагии дигари дипломатии кишвараш, аз ҷумла дар Чину Ҷопон фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0