10:50 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Шоҳиён гуфт, чаро 2 судяе, ки Президент барканор кард, маҳбасӣ нашуданд

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3886 0 0

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди ду додрасе, ки бо фармони раисиҷумҳур барои паст задани шаъну шарафи судя барканор шуданд, изҳор дошт, ки онҳо ба пардохти ҷарима маҳкум гардиданд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон Додгоҳи олӣ алайҳи ду нафар барои қаллобӣ ҳукм содир кардааст.

Масъулин аз маҳкумшудагон барои қаллобӣ Муҳаббат Сафарализода, собиқ додраси додгоҳи шаҳри Турсунзода ва Бахтиёр Саидзода, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ном бурданд, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кирдори пастзанандаи  шаъну эътибори судя барканор гардиданд.

Раиси Додгоҳи олӣ илова намуд, ки афроди номбурда на дар порагирӣ балки дар қаллобӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Ӯ тавзеҳ дод, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, муттаҳамон дар қаллобӣ агар зарареро, ки ба ҷабрдида расондаанд, барқарор кунанд, нисбаташон ҷарима татбиқ мешавад.

Тибқи иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон Сафарализода ба пардохти 18 ҳазору 250 сомонӣ ва Бахтиёр Саидзода ба пардохти ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум гардидаанд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фаромин Сафарализода Муҳаббат Сафаралӣ ва Бахтиёр Саидзодаро барканор карда буд ва далелаш "содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” арзёбӣ шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ