10:52 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Арест, архивное фото

ВУД: қасд ба ҷони инсон бо корди хоҷагӣ

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони таҳдиди куштан ва ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии ВУД аз дастгир намудани марди 36-солае бо ҷурми таҳдиди куштан ва ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон хабар додааст. 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 22-солаи сокини ноҳияи Ванҷ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми июли соли 2019, тахминан соати 22:40-дақиқа, ҳангоми дар дохили тарабхонаи “Абрикол”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш “Оятулло” ном шахс дар ҳолати мастӣ корди хоҷагиро ба гарданаш гузошта, ӯро таҳдиди куштан намудааст.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони таҳдиди куштан ва ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.  

Барчаспҳо:
гумонбар, дастгир, куштор, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ