18:25 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маруф Мухаммадзода

Раиси Хуҷанд: 32 оилае, ки хонаҳояшонро хароб карда буданд соҳиби манзил мегарданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
606 0 0

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки 32 хонаводае, ки манзилҳояшон чаҳор сол пеш, барои сохтмони шаҳраки хитоӣ хароб карда шуд, кай соҳиби хона мешаванд

ДУШАНБЕ, 25 июл - Sputnik. Муҳаммадзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки 32 хонаводае, ки манзилҳояшон, барои сохтмони шаҳраки хитоӣ тахриб карда шуд, кай бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, баъд аз чаҳор соли амалӣ нашудани лоиҳаи шаҳраки муосири чинӣ ва ё ба истилоҳ “china tawn”, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви Хуҷанд, ҳукумат барои 32 хонавода дар маҳаллаи 18-уми шаҳр бинои истиқоматӣ бунёд мекунад.   

 “Аз ҳисоби буҷҷети шаҳр, барои 32 хонаводае, ки ба умеди шаҳраки хитоӣ манзилҳояшон хароб шуда буд, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз маҳаллаи 18-уми шаҳр оғоз шудааст. Ҳоло сохтмони таҳхонаи он сар шуда, аз рӯи ҷадвали кории сохтмончиҳо то охири соли ҷорӣ каркази бино ба охир расонида шуда, корҳои рангуборкуниаш то квартали якуми соли оянда анҷом дода мешавад. Ният дорем, ки то ҷашни Наврӯзи соли оянда шаҳрвандонро бо хонаҳояшон таъмин кунем”, гуфт Муҳаммадзода.

Дар соли 2015, замоне, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Хуҷанд буд, манзили истиқоматии  32 хонавода, сокинони хиёбони Раҳмон Набиев бо дастури ҳукумати Хуҷанд хароб карда, замини он иборат аз 1500 метри мураббаъ дар ихтиёри сохтмони шаҳраки чинӣ вогузор шуд.

Масъулияти сохтмони шаҳркаи хитоӣ ро ширкати “Ҳусноро 1” ба зимаи худ гирифта буд.

Аммо дар соли 2017, бо гузашти ду сол оғоз нашудани кори сохтмон,  ба далели кадом як носозгорие миёни ин ширкат ва ҳукумати Хуҷанд, маълум шуд, ки “Ҳусноро 1” аз сохтмони шаҳраки хитоӣ даст кашидааст.

32 хонаводае, ки ба сохтмони шаҳраки чинӣ бовар карда, манзилҳояшонро хароб карданд, чаҳор сол боз дар шароити ҳуҷраҳои иҷоравӣ зиндагӣ мекунанд.

Баъди он, ки ин тарҳ амалӣ нашаванда боқӣ монд, ҳукумати Хуҷанд пардохти маблағи иҷораи сокинонро ба зиммаи худ гирифт.

Бино ба гуфти Маъруф Муҳаммадзода, то замони таъмин шудан, бо хонаҳои худ, 32 хонавода то як соли дигар дар шароити хонаҳои иҷоравӣ мемонанд.  

Барчаспҳо:
Хуҷанд, Чин, хона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ