23:19 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маруф Мухаммадзода

Маъруф Муҳаммадзода: ошӯб дар зиндони № 3 мизони ҷинояткориро афзуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Раиси шаҳри Хуҷанд мизони ҷинояткориро аз ҳисоби рухдоди ошӯби маҳбусон дар зиндони № 3, зиёд арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 23-уми июл дар ҷараёни  баргузории нишасти матбуотӣ, вазъи ҷинояткории шаш моҳи аввали соли ҷориро шарҳ дод. 

Ӯ гуфт, ки дар ин давра рухдоди ҷиноятҳои сабук ба мисли авбошӣ ва қаллобӣ камтар буда, аммо аз ҳисоби ошӯби маҳбусон дар маҳбаси № 3 и шаҳр, дар поёни соли 2018,  шумори  ҷиноятҳои махсусан вазнин зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Хуҷанд афзуд, ки тафтишоти ин қабил парвандаҳои ҷиноӣ то нимсолаи аввали соли ҷорӣ идома кардааст.

“Ҷинояткорӣ дар нимсолаи аввал, нисбат ба соли гузошта дар шаҳр зиёд ба қайд гирифта шудааст. Махсусан содир кардани ҷиноятҳои вазнин.  Сабаби ин маълум аст, ин ҳам бошад ҳодисаҳое, ки дар муассисаи ислоҳии № 3 и Хуҷанд рух дода буд.

Шумори парвандаҳои ҷиноятие, ки дар паи рухдоди ошуб ифтитоҳ шуд, хеле зиёд буд ва тафтишоти баъзеи онҳо то шаш моҳи аввали соли ҷорӣ идома дошт. Аз ин лиҳоз теъдоди ҷинояткорӣ дар шаҳр нисбат ба соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст”, гуфт, Муҳаммадзода.

Дар рӯзи чоршанбеи 7-уми ноябри соли 2018 дар зиндони № 3 и Хуҷанд дар пайи исёни  маҳбусон, ҳудуди 40 нафар ба ҳисоби ду зиндонбон, ки яке аз онҳо Эҳсон Ёқубови 29 сола, сокини ноҳияи Масчоҳ ном бурда мешуд, кушта шуда ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар паи ин ошӯби маҳбусон,  шаш додситон аз мақом барканор карда шуда, нисбати худи Файзулло Сафарзода, ки он замон сардори муассисаи ислоҳии № 3  ва чанде аз зиндонбонон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Барчаспҳо:
ошӯб, раис, зиндон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ