06:29 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Укладка асфальта. архивное фото

Дар шаш моҳ дар вилояти Суғд беш аз ҳазор километр роҳ таъмир шудааст

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Мақомоти вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 1000 километр роҳҳои вилоят таъмиру навсозӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуови вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли равон дар вилояти Суғд 1116,9 километр роҳ таъмир шудааст.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффороваро мумфарш мекунанд

Тавре манбаъ қайд намудааст ки 50,6 километр таъмири асосӣ шуда, 353,8 километр таъмири ҷорӣ ва 712,5 километр шағалпӯш шудааст. 

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки масълини соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 35,4 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Профессор Ҷӯраев аз ҳисоби худ як кӯчаи шаҳри Хуҷандро мумфарш кард

“Аз ҳисоби буҷети вилоят ба ин мақсадҳо 19,9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 26,1 км роҳ, аз ҷумла 22 км аз таъмири асосӣ ва 4,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд”, -гуфт манбаъ.

Муассисаи давлатӣ аз ҳисоби худаш як кӯчаи Хуҷандро бо харҷи 22 ҳазор сомонӣ мумфарш кард

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр намудааст, ки дар соли ҷорӣ таъмиру тармими 2166,8 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша имсол 108,4 км роҳ таъмири асосӣ, 923,9 км таъмири ҷорӣ ва 1073,5 км шағалпўш карда мешавад.

Барчаспҳо:
таъмири роҳ, таъмир, мумфаршкунии роҳ, роҳ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ