Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух: нахустин иқдомоти раисиҷумҳур дар марз

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид намуданд
Эмомалӣ Раҳмон аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид намуданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара қарор дорад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара, Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ворух омад.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, нахуст сарвари давлат дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо лоиҳаҳои иншооти таъйиноташ гуногун, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлол дар ҳудуди деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ошно шудааст.

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

Гуфта мешавад, ки иншооти мазкур дар бахшҳои мухталифи соҳаҳои иҷтимоиву хизмарасонӣ ба нақша гирифта шудааст ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастрасии аҳолии деҳоти мазкурро ба хизматрасониҳои гуногун хубтар намуда, дар ин баробар шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Дар маҷмӯъ лоиҳаи 8 иншоот, ки бо назардошти талаботи муосири меъморӣ таҳия гардидаанд, муаррифӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард - Sputnik Тоҷикистон
Оғози сафари Раҳмон ба Суғд: Исфараву Ворух интизори раисҷумҳур

Зимни ошноӣ иброз гардидааст, ки бо назардошти талабот дар ҳудуди деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боғчаи кӯдакона бо 80 ҷой, дар маҳаллаи Сангтӯдаи деҳот муассисаи таълимӣ бо 360 ҷойи нишаст, сохтмони бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бинои ҷамоати деҳоти Ворух, бинои Қасри фарҳанг бо 400 ҷои нишаст, толори варзишӣ барои 300 нафар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд ва ҳамчунин бунёди бинои махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд дар деҳоти Ворух дар назар дошта шудааст, ки аз 3 ошёна иборат хоҳад буд.

Иброз гардидааст, ки ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба таълиму тарбияи насли наврас, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим зоҳир гардида, дар ин замина бунёди иншооти соҳавӣ дар саросари деҳот дар назар дошта шудааст.

Автомобильная дорога, ведущая к городу Худжанду-Исфаре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи Исфара-Ворух боз шуд

Ба Сарвари давлат зимни рӯнамоии лоиҳаҳо иттилоъ додаанд, ки дар аксари иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфта, феълан бо сатҳу сифати баланд идома доранд.

Роҳбари давлат зимни ошноӣ бо лоиҳаҳо масъулинро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур бо сатҳу сифати баланд ва муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд. Дар ин баробар ҷараёни корҳои бунёдкориро дар ҳудуди деҳот зери назорати қатъӣ гирифта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз имконот бунёди дигар иншоотро низ таҳияву ба сомон расонанд.

Ёдрас мешавем бино бар иттилои расонаҳо, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Исфара боздид карда бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар ин минтақа, дидору мулоқот хоҳад кард.

Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар ҷамоати Ворух дидор карда бо сокинони марзии ду кишвар мулоқот мекунанд.

Мазору бозорамон як аст: Жээнбеков дар Бодканд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон меояд

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир Ворух саҳнаи баҳсҳои марзии миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0