19:40 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Таджикские медики провели полную мед обследование возвращённых детей из Ирака

Кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд ба оилаҳову наздиконашон дода нашудаанд

© Министерство здравоохранения Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Масъулини Вазорати тандурустӣ эълон намуд, ки аз 84 кӯдаке, ки аз Ироқ ба Точикистон оварда шуд, ягон нафари онҳо ба оилаҳову наздикон дода нашуданд.

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Масъулини вазорати тандурустии кишвар зимни нишасти матбуотӣ эълон намуданд, ки ягон нафари кӯдакон  то ҳол ба бибиву бобо ё дигар пайвандонашон супурда нашудаанд.

Ба иттилои манбаъ, наздикони ин атфол дар Тоҷикистон низ интизори қабули кӯдакон буданд ва бархе барои гирифтани онҳо омодагӣ медиданд.

Намояндаи ВУХ Ироқ: "барои баргардонидани занони тоҷик аз зиндонҳои Ироқ талош менамоем"

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, баъди се моҳи моҳи нигаҳдорӣ дар осоишгоҳи “Харангон”, ки воқеъ дар Варзоб аст, 84 кӯдак ин мавзеъро тарк карданд.

Вай афзуд,  44 нафар кӯдакони аз 1 то 5-сола ба Хонаи кӯдакони рақами 2-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуда, 33 кӯдаки дигар, ки мактабхон мебошанд дар муассисаҳои таълимии вазорати маориф фаро гирифта шудаанд.

Латофат Назирӣ: кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргаштанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд

Шодихон Ҷамшед, гуфт, ин афрод, ки синашон ба 18 расидааст ва кӯдак доранд, барои касбомӯзӣ фиристода хоҳанд шуд.

Муовини вазири тандурустӣ зикр кард, ки кӯдаконро ба наздиконашон медиҳанд, аммо ҳоло бояд таҳқиқи амиқ сурат бигирад.

“Онҳое, ки дар хонаи кӯдакон ҳастанд, бар асоси дуруст кардани ҳуҷҷат ва шахсият оҳиста-оҳиста дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба хешутабор баргардонида мешаванд”, - таъкид кард манбаъ.

Зуҳуров: беш аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд

Ёдрас мешавем, ки мақомоти кишвар шаби 30-уми апрели соли равон 84 кӯдакони тоҷикро аз Бағдод ба Душанбе овард.

Қаблан мақомот гуфтанд, ки атфоли хурдсол, ба эҳтимоли зиёд то 3-солаҳо бо санадҳои зарурӣ ба хешовандони наздик дода мешаванд ва қӯдакони синни мактабӣ барои як муддат дар муассисаҳои таълимӣ ва ятимхонаҳо ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин гурӯҳи кӯдакон, ба гуфтаи мақомот, бояд барои барқарор шудан ба барномаҳои махсус фаро гирифта шаванд.

Барчаспҳо:
хешу таборӣ, волидайн, баргардонидан, Ироқ, кӯдакон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ