21:26 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ

Зокирзода ба масъулини Турсунзода: дастурҳои Раҳмонро иҷро кунед

© Фото : Аз дафтари матбуоти прездиенти ҶТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
445 0 0

Зокирзода гуфт, кишоварзони шаҳри Турсунзодаро мебояд дастуру супоришҳои Президенти кишварро сари вақт иҷро намуда, аз обу замин самаранок истифода баранд

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи мақомоти шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини сарвазир, Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ,  раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба иҷрои нақшаҳои  кишт, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам баргузор гардид. 

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии раиси шаҳри Турсунзода ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додаанд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқоти мазкур раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода  оид ба вазъи соҳаи кишоварзии шаҳр дар  шашмоҳаи якуми соли равон маълумот додаанд.

Зокирзода ҳисоботи масъулинро мавриди таҳлил қарор дода, иброз доштааст, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар баробари хоҷагидорон аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот низ  вобастагӣ  дорад.

"Дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки дар баробари шаҳри саноатӣ будан, шаҳри Турсунзода бо кишоварзони соҳибтаҷриба ва заминҳои ҳосилхез шинохта шудааст. Аз ин лиҳоз, кишоварзони шаҳрро мебояд дастуру супоришҳои Президенти кишварро сари вақт иҷро намуда, аз обу замин самаранок истифода бурда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи сеюми мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки барои иҷрои дурнамои кишт, ба даст овардани ҳосили баланд, бунёди боғу токзор, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳо, бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар шаҳри Турсунзода тамоми шароит муҳайё аст.

Барчаспҳо:
супориш, дастур, Эмомалӣ Раҳмон, мева, боғ, кишоварзӣ, рушди иқтисод, Турсунзода, Маҳмадтоир Зокирзода

Мавзӯъҳои асосӣ