23:38 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15

Аз даромаду дин то интернету дахлнопазирии Президент: 310 суоле, ки дар шаҳрдорӣ мепурсанд

Amir Isaev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2819 0 0

Шаҳрдории Душанбе феҳрасти 310 суолро пешниҳод кардааст, ки зимни озмуни қабул ба кор дар Ҳукумати пойтахт пурсида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз барои ишғоли беш аз 25 курсии холӣ дар ҳукумати пойтахт озмун эълон кард, ки аз 696 то 1696 сомонӣ маош доранд.

Шаҳрдорӣ дар пайи нашри эълони озмун, инчунин феҳрасти 310 суолро низ ироа намуд, ки бахшҳои гуногун – аз ҳуқуқ то маорифу тандурустӣ ва технологияи иттилоотиро дар бар мегиранд.

Дар бахши иқтисод аз ҷумла пурсида мешавад, ки иқтисоди миллӣ, ММД, даромади шахсӣ,  моликият, ҷамъияти саҳҳомӣ, сабади истеъмолӣ, тавозуни савдои хориҷӣ, иқтисоди пинҳонӣ, сиёсати пулӣ, хусусигардонӣ ва моратория чист.

Дар бахши ҳуқуқ теъдоди аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пурсида шуда, инчунин омадааст, ки  аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтанро дораду киҳо вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда метавонанд?

Дар идома омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст ва дар кадом ҳолат молу мулки шахс барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад.  

“Шохаҳои ҳокимиятро номбар кунед?  Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд? Тақсимоти ҳокимияти давлатиро номбар кунед? Маънои парламент чист? Демократия чи маъно дорад? Аввалин маротиба Конститутсия кай ва дар кадом давлат қабул карда шудааст?  Кодекс чист?  Қонун чист?”, - омадааст дар феҳрасти суолҳо.

Инчунин пурсида мешавад, ки мувофиқи кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дораду дар кадом моддаи Конститутсия омадааст,  ки манзили шахс дахлнопазир аст ва ба манзили шахс зуран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Дар идома суол аз бахши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ зикр шудаанд. Аз ҷумла иттилоотонӣ  чист, роутер чист, веб, браузер, сайт, домен, драйвер, антивирус ва равзана чисту калимаи Windows чӣ маъно дорад.  Инчунин дар бораи вазифаи тугмачаҳои Win, Tab, Caps Lock, Backspace,  Page Up ва Page Down пурсида мешавад.

Дар бахши маориф аз шумораи мактаб-интернатҳо, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисиҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ суол карда шудааст.

Феҳрасти комили 310 намунаи суолҳо, ки аз довталабони беш аз 25 курсии холӣ дар Ҳукумати Душанбе пурсида мешаванд, дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ нашр гардидаанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3165
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    770
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    651