23:28 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017

Аз вазирон то Расулзода гузориш доданд: Раҳмон маҷлис барпо кард

© Фото : Аз хадамоти раисҷумҳур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1703 0 0

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019” баррасӣ гардидааст.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳисобот додааст.

Ҳамчунин доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” ва “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шудааст.

Дар баробари ин, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон дар назди Президент ҳисобот додаанд.

Бо натиҷагирӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд, ки ин ҳолат ба сатҳи иҷрои нақшаю ҳадафҳои стратегии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ барои беҳтаргардонии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии  Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 ва давраҳои минбаъда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, таъмини рушди босуръати соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ дастурҳои мушаххас додааст.

Барчаспҳо:
Президент, Ҳукумат, маҷлис, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ