05:17 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64301

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов гуфт, ки баланд бардоштани сифати зиндагии мардумро Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷа барои ҳамаи мақомотҳои давлатӣ муайян кардааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ин нуктаро раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар суҳбати телевизионӣ, оид ба чорабинии иқтисодӣ - "Помиринвест - 2019" гуфтааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, раиси вилоят қайд кардааст, ки чорабини мазкур барои пеш бурдани соҳаи иқтисодии вилоят хеле муҳим аст.

"Мақсади асосии ин форум пешкаш намудани имкониятҳои ВМКБ баҳри ҷалб намудани сармоя ва ташкили соҳибкорӣ дар ин қисмати Тоҷикистон мебошад", - гуфтааст раис.

Файзов афзудааст, ки мақсади дигари ин форум ин аст, ки дар ин чорабинӣ соҳибкорон маҳаллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ бо ҳам шинос шаванд ва аз имкониятҳои ба дастовардаи худ бо ҳам сӯҳбат намоянд.

Мақомоти ВМКБ тавассути ин форум ва дигар фаъолиятҳои минбаъда фазои мусоидро барои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ фароҳам оварда бо ин васила чандин ҷойҳои кории нав ва даромадро барои аҳоли ташкил менамояд, ки ин ба беҳтар намудани шароити зиндагии бошандагони на фақат вилоят балки кулли мардуми Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

"Баланд бардоштани сифати зиндагии мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷа барои ҳамаи мақомотҳои давлатӣ муайян кардаанд", - таъкид кардааст Ёдгор Файзов. 

Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамоиш ба балнд бардоштани сифати зиндагии мардум таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Барчаспҳо:
ҳамоиш, Помир, Тоҷикистон, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ