Назорат дар марз пурзӯр мешавад

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин масъала дар мақомоти вилояти Суғд бо ширкати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулини сохторҳои гумруку қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Котиби Шӯрои амният Маҳмадалӣ Ватанзода зимни таҳлили вазъ таъкид кардааст, ки воридоту содироти молу маҳсулот ба таври қочоқ ба амнияти иқтисодии ҳар кишвар таъсири манфӣ мегузорад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд дар идомаи ҷаласа Ватанзода зикр кардааст, ки ҳарчанд нишондиҳандаҳои оморӣ вобаста ба ошкорёбии қочоқи молу маҳсулот коҳиш ёфта бошад ҳам, вале он пурра аз байн нарафтааст.

Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки воридоту содироти молу маҳсулот агар аз як тараф ба буҷаи давлат таъсир гузорад, аз тарафи дигар ба рушди соҳибкорӣ монеа эҷод месозад.

"Барои пешгирии қочоқи молу маҳсулот бояд назорат пурзӯр карда шавад", - хулоса кардаанд коршиносон дар ҷаласа.

Ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт низ зарур шуморида шудааст.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулон оид ба тадбирҳои амалишаванда дар самти пешгирии қочоқи молу маҳсулот ва таъмини рақобати солим дар бозор, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли ватанӣ гузориш додаанд.

Лентаи хабарҳо
0