17:43 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
393 0 0

Ожонси ҳавошиносии ҶТ мегӯяд, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво рӯзҳои 30, 31 июл ва 1 август дар навоҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттлиои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри  бебориш мешавад.    Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар  баъзе ноҳияҳои бо шиддати то 10-15  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 39+41  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
боду ҳааво, Хатлон, Суғд, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ