01:22 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Пас аз интиқоди тунди Раҳмон: нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4773 0 0

Сулаймон Султонзода, директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод гуфт, ки нисбати Шаҳбоз Раҷабзода то имрӯз, ягон арзу шикоят ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки аз ҷониби раисиҷумҳур сахт интиқод шуд, ягон парванда оғоз нашудааст.

Ин матлабро рӯзи 30 июл Сулаймон Султонзода, директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар нишасти хабарӣ гуфт.

"Нисбати Шаҳбоз Раҷабзода "ягон арзу шикоят ворид нашудааст", - гуфт  Сулаймон Султонзода. 

Ҳамин тавр ба гуфти директори Ожонсӣ, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон тафтиш шурӯъ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон 10 май дар ҷаласа бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз аз фаъолияти масъулин сахт интиқод карда буд.

Аз ҷумла, кишвардор изҳори нигаронӣ кард, ки кормандони бонк маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунанду роҳбарон нисбати муассисаашон беаҳамиятанд.

"Бонкҳои "Амонатбанк" меравед, дар шаҳру ноҳияҳо, ки шиштааст, коргаре, ки 700-800 сомонӣ маош мегирад, аммо маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунад. Ин ҳолат аз бонки миллӣ, вазорати молия ва кумитаи гумруку андоз сар карда, ба назар мерасад. Вақте як ҷавони бузбала 150 кило вазн дорад, ман боварӣ дорам, ки 700 сомонӣ якҳафтаина хӯрокаш дар ошхона намешавад, аммо вай ошхона намеравад, ресторан меравад" - ёдрас шуд раисҷумҳур.

Як интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз як корманди Кумитаи гумрук Шаҳбоз Раҷабзода низ зуд расонаӣ гашт. Президент дар пайи бозпурсӣ аз фаъолияту дороии Раҷабзода ӯро дар ҳамон толор "гум шав" гуфт ва таъкид кард, ки пулҳои аз Тоҷикистон баровардаашро баргардонад.

Саранҷом роҳбари кишвар ба масъулин вазифа дод, ки дороии мансабдорони серпул санҷида шавад.

Дар ин росто, рӯзи 14 май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амру як фармоиш роҳбарияти Бонки миллӣ ва Кумитаи гумрукро танбеҳ дод.

Барчаспҳо:
Сулаймон Султонзода, мубориза бо фасод, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ