Ожонс фасодзадатарин соҳаҳои Тоҷикистонро эълом кард

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сулаймон Султонзода, директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, имрӯз фасодзадатарин соҳаҳои Тоҷикистонро гуфт

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Кормандони Вазорати маориф бо содир кардани 85 ҷиноят дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар садри рӯйхати ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон қарор дорад.

Ин нуктаро имрӯз, 30 июл Сулаймон Султонзода, директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, дар нишасти хабарь дар Душанбе гуфт.

Ба гуфти ӯ дар нимсолаи соли 2019 дар соҳаи маориф ва илм 85 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз интиқоди тунди Раҳмон: нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст

Ҳамин тавр, дар ҷадвали фасодзадаҳои Ожонси мубориза бо фасод ҷои дуюмро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифтааст, ки кормандонаш 83 ҷинояти коррупсионӣ содир кардаанд.

Нигаронии Олимзода аз фасодзадагии Хатлон ва таҳдид ба барканории масъулин

Ба гуфти Сулаймон Султонзода дар ин давра, аз ҷониби кормандони Вазорати нақлиёт 12, Вазоарти кишоварзӣ 24, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 53, Вазорати саноат ва технологияи нав 7, Вазорати молия 3 ҷиноят содир шудааст.

Ҳамчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 53 ҷиноят, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 15, ШСХК "Барқи Тоҷик" 15, соҳаи бонкӣ 139, субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ 257, соҳибкорони инфиродӣ 265, дар дигар Вазорату корхонаҳо 187 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Дар баробари ин ба гуфти Султонзода, аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ 172 ҷиноят содир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0