01:52 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Пресс-конференция в АН РТ 9 июля 2015 года

Президенти Академияи илмҳо: мо барои пажӯҳиш имконияти молиявӣ дорем

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Ин нуктаро президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ зикр кард

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Академияи илмҳои Тоҷикистон аз пайдо шудани беш аз 100 асари фолклорӣ хабар дод.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, як гурӯҳи фолклорӣ беш аз 100 тарона, шеър, дубайтиву рубоӣ ва пораҳои нав аз “Фалак” – ро пайдо намудааст.

“Ин гурӯҳи иборат аз мутахассисон ва олимони маркази санъатшиносӣ аст, ки бори аввал дар Академияи улуми Тоҷикистон ва Институти забони ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таъсис ёфт. Он дар як муддати кӯтоҳ дар ноҳияҳои Ховалинг ва Данғараи вилояти Хатлон ба чунин як муваффақият ноил шуд” – афзуд президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Президенти Академияи илмҳо: ба зудӣ дар осмон ситораи нав пайдо мешавад

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, то охири сол намунаи фолклоре, ки то охири сол ҷамъ мешавад, дар шакли як китоби алоҳида нашр хоҳад шуд.

Парвози нахустин ҳавопаймоҳои 25 ҳазор доллараи истеҳсоли Тоҷикистон

“Ин хеле муҳим аст. Ва баъзе аз ин экспедитсияҳо бори аввал аст, ки анҷом мешаванд ва мо, хушбахтона, ҳам имконияти молиявӣ ва ҳам фанниву инсониро дорем, ки чунин экспедитсияҳоро ба роҳ монем” – гуфт Раҳимӣ.

Бонуи ихтироъкори тоҷик: моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедоданд

Барчаспҳо:
экспедитсия, пажӯҳиш, Фарҳод Раҳимӣ, Академияи илмҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ