06:43 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Гавхар Шарофзода. Архивное фото

Шарофзода дар барои мансабдороне, ки ба забони "тоҷикӣ" суҳбат карда наметавонанд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134301

Кумитаи завбон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, нисбати вазирону мансабдороне, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат карда наметавонанд, чора меандешад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Борҳо вазирону мансабдорон ва вакилон барои суҳбат ба забони лаҳҷавӣ ё умуман риоя накардани меъёри забони давлатӣ, дар сархати расонаҳо қарор гирифтаанд.

Ин масъаларо имрӯз зимни нишасти хабарӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода шарҳ дод.

Ба савол дар бораи беаҳамиятии барххе аз мансабдорон, аз ҷумла муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, Шарофзода посух дод, ки ин ислоҳшаванда аст. 

"Фикр мекунам, ин ислоҳшаванда аст", - гуфт, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода.

Шарофзода роҳи ҳалли ин масъаларо низ нишон дод.

Ӯ гуфт, Кумита оғоз аз ин рӯз ба унвони вазирону мансабдороне, ки наметавонанд озодона фикри худро ба забони давлатӣ баён кунанд, мактуби вижа равон мекунанд.

"Мо ба унвони вазирону мансабдороне, ки шумо зикр кардед, мактуб равон мекунем", - гуфт Гавҳар Шарофзода.

Умед Ҷайҳонӣ ҷойгузини “шустушӯи нақлиёт”-ро пешниҳод кард

Ба гуфти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон то даме, ки рӯзноманигорон ба забони тоҷикӣ арҷ нагузоранду ғалат бинависанд, мардум ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ нахоҳанд гузошт.

Барчаспҳо:
вазир, забони тоҷикӣ, суҳбат, Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ