16:05 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Гавхар Шарофзода

Кумитаи забон: Мурсал, Бибиҳамрохон, Охун ва Амелия "тоҷик" нестанд

© Sputnik Махпора Киромова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
598 0 0

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ҳамасола ислоҳ мешавад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Намояндагони Кумитаи забон ва ислоҳот рӯзи 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, аксари волидон хостаанд номҳои ғайримеъёр мисли Охун, Мурсал, Бибиҳамрохон, Амор, Эксмира ва Амелия гузоранд, ки қобили қабул нестанд.

Аз баҳси "ов"-у "ев", насаби тоҷикӣ ва ҳуввияти миллӣ то шаҳрвандии ФР

Ба гуфти масъулини Кумитаи забон, номҳое пешниҳод мешаванд, ки дар забони тоҷикӣ собиқа надоранд ё умуман аз дигар забонҳо гирифта шудаанд.

Намояндагони ин ниҳод мегӯянд, дар сурати гузоштани номе, ки берун аз феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аст, сокинони Тоҷикистон бояд аз Кумитаи забон ва истилоҳот иҷоза бигиранд, вале дар сурати таърихӣ ва миллию бо маънӣ будани номҳо, пешниҳодҳои волидон аз ҷониби Кумита қабул мешавад ва ҳатто ба феҳрист ворид мегардад.

Кумитаи забон: номи Облоқул шакли туркишудаи Аллоҳу Акбар аст, барои ҳамин иҷоза надодем

"Мо ҳар сол пешниҳодҳои волидонро қабул мекунем ва дар паи баррасии гурӯҳи корӣ наздики 500 номи навро, ки ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд ва собиқаи таърихӣ доранд, ба феҳрист илова мекунем", - гуфтанд дар нишасти хабарӣ.

Шарофзода дар барои мансабдороне, ки ба забони "тоҷикӣ" суҳбат карда наметавонанд

Ҳамин тавр бино ба гуфти намонядагони Кумита, дар шашмоҳаи аввалсоли равон  420 нафар барои номгузории фарзанд ба ин ниҳод муроҷиат намуданд, ки танҳо ба 183 номи пешниҳод гардида аз ҷониби Комиссия иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин 29 муроҷиати ақаллиятҳои миллӣ ва тарзи дуруст навиштани ному насаб бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ аз ҷониби Комиссияи  номгузорӣ баррасӣ гардидааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 июли соли 2016 дар Тоҷикистон "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ" нашр шуд, ки се ҳазор номро дарбар мегирад.

Ҳадаф аз таҳияву интишори “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои торихиву фарҳангии миллӣ тавассути забони миллӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ гуфта мешавад.

Барчаспҳо:
Гавҳар Шарофзода, Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон, номгузорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ