19:21 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Купюры сомони

Тоҷикистон барои муомилот дар кишвар пулҳои нав ворид кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
520 0 0

Ба маълумоти БМТ, дар шаш моҳи аввали соли равон 14,1 миллиард сомонӣ ва ё барбар ба 1,4 миллиард доллар пули нақд дар муомилот корбурд шудаанд

 ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар нимаи аввали сол 2,3 миллиард сомонӣ пули навро, ки баробар ба 243,9 миллион доллар мебошад, вориди муомилот кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА. 

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин муддат асъорҳои кӯҳна ба арзиши 1,2 миллиард сомонӣ (127,1 миллион доллар) аз муомилот гирифта шуд.

Бар асоси додаҳои бонк, дар шаш моҳи аввали соли равон 14,1 миллиард сомонӣ (1,4 миллиард доллар) пули нақд дар муъомилот корбурд шудаанд.

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ 16 миллиард сомонӣ (1,6 миллиард доллар ) будааст.

Сомонӣ, арзи миллии Тоҷикистон 30 октябри соли 2000 вориди муомилот шуда буд.

Сомонӣ рубли тоҷикиро, ки то 1 апрели соли 2001 дар истифода буд, ҷойгузин шуд.

Барчаспҳо:
асъор, пул, Бонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ