01:53 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Хешҳоям ҳастанд: эътирофу шарҳи Каримзода дар бораи кори ҳамшаҳрию хешонаш дар гумрук

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
437804

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ кард, ки хешу табор ва ҳамшаҳриҳояш дар ниҳоди тобеяш фаъолият мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Каримзода зимни тасдиқи ин иддао, шарҳ дод, ки бисёре аз ин афрод, ҳанӯз қабл аз худи ӯ дар мақомоти гумрук фаъолият мекунанд.

“Хешу таборҳоям ҳастанд, лекин то ман ҳастанд. Ман худам ҳамагӣ соли 5-ум аст, ки дар мақомоти гумрук фаъолият мекунам. Аммо ин афрод зиёда аз 20 сол то 25 сол дар мақомоти гумрук кор мекунанд”, - изҳор дошт Каримзода.

Ӯ афзуд, роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуда, наметавонад афроде, ки аз зодгоҳаш ҳастанду солиёни зиёд дар мақомоти гумрук фаъолият мекунанд, аз кор барканор созад.

“Бинед, ки кай ба кор қабулу кай таъин шудаанд. На ҳар он чизеро, ки дар интернет менависанд дуруст аст. Ман имрӯз роҳбари Хадамот шуда, зодагони ин ё он минтақаро, ки зодгоҳи ман аст, аз кор пеш кунам?”, - суол гузошт Каримзода.

 Сардори Хадамоти гумрук гуфт, вақти зиёди пайгирии навиштаҳо дар интернетро надорад, лекин сару садо атрофи ному хешу таборҳояшро зердастон ба ӯ расондаанд.  

“Мебахшед, шабакаи интернет ин чизе будааст, ки касе чизе хоҳад навиштан мегирад. Аммо ҳар он чизеро, ки дар интернет менависанд, маънои онро надорад, ки дуруст аст”, - афзуд Каримзода.

Каримзода, ки ба гуфтаи худаш ҳамагӣ соли 5-ум дар мақомоти гумрук кор мекунад, бо қарори Ҳукумат 19 январи соли 2018 сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин гардид.

Қаблан дар интернет хабарҳое нашр гардиданд, ки бисёре аз мақомдорон дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон зодаи ноҳияи Темурмалик, зодгоҳи Ҷамшед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мебошанд. Худи Каримзода мегӯяд ин афрод қабл аз ӯ дар Хадамоти гумрук кор мекунанд.

Барчаспҳо:
хешутаборӣ, корманд, хадамоти гумрук, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ