Ҳавошиносон: дар Тоҷикистон эҳтимол имрӯз борон борад

CC BY-SA 2.0 / Mark Ordonez / IMG_1028Дети играют под дождем, архивное фото
Дети играют под дождем, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз 2- юми августи соли 2019 дамои ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш хоҳад буд.

Площадь Регистан в Худжанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 6+11 ва  рӯзона 17+22 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.

Ҳушдори обуҳавошиносон: гармии ҳаво дар пойтахт ба 43 дараҷа мерасад

Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон: ҳавои гарм дар Тоҷикистон боз ҳам тафсон мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.    Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0