06:19 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон подарил ключи от квартир десяти семьям

Раҳмон ба 10 оилаи камбизоат калиди манзилҳои сохтаи соҳибкорро тақдим кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1303 0 0

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат 10 хонавода соҳиби калиди хонагашту, хатнасури 100 кӯдак баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар хиёбони Рӯдакӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро ба баҳрабардорӣ расонд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, сохтмон аз 13 ошёна иборат буда, аз рӯи тарҳ дар қабати якум ва таҳхонаи он тарабхона бо 150 ҷои нишаст, нуқтаҳои фурӯши сару либос, мебел, маводи конселярӣ ва рӯзгор, ошхона, мағозаҳои қаннодӣ иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ ио ҷо 20 маркази хизматрасонию тиҷоратӣ ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо таъсиси 40 ҷои корӣ сохта шудааст.

"Ин сохтмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода бунёд шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мавҷудаи марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ошно шуда, бо занону духтарон суҳбат кардааст.

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, бунёду барқарорсозии корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ба гузориши манбаъ, дар тарабхонаи навбунёди бино бо мақсади татбиқи сиёсати раисиҷумҳур, хатнасӯри 100 нафар кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд баргузор гардидааст.

Ба кӯдакони хуштолеъ аз номи Раҳмон туҳфаҳову шириниҳо тақдим карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: "кӯдакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоиста амалӣ менамоянд, то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд".

Манбаъ афзуда, ки бино дар масоҳати умумии 25 ҳазору 571 метри мураббаъ қомат афрохта, аз 297 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

"Президенти Тоҷикистон бинои муосири истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониро ба сокинон табрик гуфта, ба 10 оилаи ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ супорид. Ҳамаи манзилҳои истиқоматие, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда шуд, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд", - омадааст дар хабарнома.

Котиботи раисиҷумҳур гуфтааст, ки айни ҳол бо саҳми соҳибкор дар соҳили рӯди Кофарниҳон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо назардошти таваққуфгоҳ, ҷой барои бозии кӯдакону наврасон, марказҳои хизматрасонӣ, гулгаштҳо ва дигар иншооти зарурӣ бо суръат ва сифати баланд идома дорад.

Барчаспҳо:
Маркази хизматрасонӣ, калиди хонаҳои истиқоматӣ, ВАҳдат, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ