23:11 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Наворбардор, акс аз бойгонӣ

Маркази миллии тестӣ ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Роҳбарони Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти шашмоҳаашон рӯзи 5-уми август ба хабарнигорон ҳисобот медиҳанд

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Нишасти матбуотии раёсати Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон соати 15:00 дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии хабаргузории “Ховар” дар назар буда, рӯзноманигорон метавонанд ба суолҳояшон посух гиранд.

Нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019, тибқи  нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур 5-уми август ба анҷом мерасанд.

Роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон бар асоси амри Президент аз 15 сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба нишаст баргузор мекунанд. Қаблан теъдоди нишастҳои ҷамъбастӣ дар кишвар соле чор бор буд, аммо баъдан шумораашон то ду адад дар як сол кам карда шуд.

Бархе аз рӯзноманигорон аз шеваи бархӯрди гуруҳе аз мақомдорон ба нишастҳои матбуотӣ, ки бештари вақтро бо ирои ҳисоботи хушки оморӣ мегузаронанд, интиқод карда, изҳор медоранд, ки вақти кофӣ барои суолуҷавоб намемонанд.

Ахиран доираҳои коршиносон пешниҳод намуданд, то нишастҳои матбуотии масъулин чун пештара, соле чор маротиба баргузор шавад ва ин иқдомро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карданд.

Барчаспҳо:
Маркази миллии тестӣ, ҷаласаи ҳисоботӣ, ҳисобот, нишасти хабарӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ