22:43 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Иди Курбон в Душанбе

Мақомоти Хуҷанд: забҳи чорво дар ҳавлиҳо манъ аст, танҳо дар ҷойҳои муайян

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
656 0 0

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок аз сокинони шаҳр хоҳиш намудааст, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон забҳи чорворо танҳо дар ҷойҳои муайян анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинон даъват намудааст, ки бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок забҳи чорво танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда, пас аз муоинаи духтури байторӣ гузаронида шавад, иттилоъх додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар истинод ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд.

Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ кушторгоҳҳо ташкил мекунад

“Марказ бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок, аз он ҷумла, сӯхтанӣ, сил, брутселлёз, ҳорӣ ва табби хунин бо назардошти мавсими гармо, ки сабаби эҳтимолии авҷгирии ин бемориҳо мебошад ва ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Бо қарори Рустам Эмомалӣ: дар иди Қурбон ҷойҳои махсуси забҳи ҷорво ташкил мешавад

Маркази бо пахши баёния аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки забҳи чорво танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда, пас аз муоинаи духтури байторӣ гузаронида шавад.

Таъкид гардидааст, ки бо мақсади беҳдошти сиҳатии омма дар ҳавлиҳо забҳи чорво манъ аст.

“Дар вақти харидории гӯшт, ба маълумотномаи мӯҳрзадаи духтури байторӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карда шудааст, ки ҳангоми мушоҳидаи захм дар дастон ва пой, ҳарорати баланд, бемадорӣ, пайдоиши хунравӣ ҳатман ба духтури сироятшинос муроҷиат намоянд”, - зикр намудааст Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.

Инчунин Маказ қайд намудааст, ки дар сурати ба миён омадани зарурат сокинон метавонанд ба телефони боварии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд (83422) 55450 занг зананд.

Барчаспҳо:
мақомот, чорво, забҳ, Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    2945
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    620
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    516