15:31 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг

Роҳи мошингарди Кангурт - Балҷувон - Ховалинг кушода шуд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
444 0 0

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Балҷувон вилояти Хатлон роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре манбаъ қайд намудааст, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафту омад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд.

“Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар Тоҷикистон навсозӣ гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ  ба истифода дода шуд”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилоъ, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг
Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу "Кангурт — Бальджувон — Ховалинг"

Пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг Ширкати «Чайна роуд»-и Чин мебошад. Тибқи лоиҳа, дар масофаи 43 километри роҳ 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудааст.

Ду кӯпрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта шуда, 4-тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ба истифода додани роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг имконият фароҳам меорад, ки нақлиёти боркаш ва мусофирбар дар тамоми фасл бе мушкилӣ рафту омад намоянд.

Мақомот умедвор аст, ки акнун тавассути роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ҳаҷми боркашонӣ афзоиш ёфта, он барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.

Ҳамзамон, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ “Элегант-Балҷувон”-ро ифтитоҳ кард.

Тавре матбуоти раисҷумҳур иттилоъ додааст, самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар коргоҳи “Элегант-Балҷувон” коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи “Элегант-Балҷувон” дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд.

Инчунин роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар ояндаи наздик дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намояд.

Барчаспҳо:
истифода, ифтитоҳ, Ховалинг, роҳи мошингард кушода шуд, роҳи мошингард, Балҷувон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ