Дар Тоҷикистон дамои ҳаво то 8- уми август 45 дараҷа гарм боқӣ мемонад

© Sputnik / Стас ЭтвешЖенщина с зонтиком от солнца, архивное фото
Женщина с зонтиком от солнца, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ монда, ҳарорат аз 35 то 45 дараҷаро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар вилояти Суғд  ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳои ин вилоят шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зист: дар Душанбе то 9 август гармиву ифлосшавии ҳаво идома меёбад

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармии ҳаво шабона ба 8+13 ва   рӯзона    ба 26+31  дараҷа мерасад, хабар медиҳад Агентии "Ховар" бо истинод ба маълумоти Ожонсӣ.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония  мевазад. Гармии ҳаво дар ғарби вилоят шабона ба 13+18 ва рӯзона ба 31+36 дараҷа мерасад.

Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдор: дамои ҳаво дар Тоҷикистон то охири моҳ тафсон боқӣ мемонад!

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ  3-8 метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Чи бояд кард то аз гармӣ наҷот ёфт - Sputnik Тоҷикистон
Чиро бояд донист, то аз гармӣ наҷот ёфт

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония   мевазад. Гармии ҳаво шабона ба 17+19 ва  рӯзона ба 40+42  дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 8 август ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо  40 +45 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Аз ин рӯ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якбораи сатҳи об пешбинӣ шуда, шусташавии соҳилҳо аз эҳтимол дур нест.

Лентаи хабарҳо
0