23:47 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Военные Таджикистана на танковом биатлоне

Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Рубен Гарсия
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
964 0 0

Дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ" сарбозони тоҷик дар тирандозиву тезронии танк нисбат ба тими танкронҳои Кувайт беҳтар буд

ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Дастаи танкронҳои Тоҷикистон дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ", ки имрӯзҳо дар размоишгоҳи Алабино мегузарад, рекорд заданд.

Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии лейтинанти калон Собирҷон Кабутов беҳтарин вақтро нишон додааст. Зиреҳсаворони тоҷик масофаро дар 26 дақиқаву 30 сония сипарӣ карда, бо беҳтарин натиҷа мақоми аввалро ба даст оварданд.

Русия, Белорус, Қазоқистон ва Чин ба даври ниҳоии биатлони танкӣ роҳ ёфтанд

Ҳамин тавр дастаи Тоҷикистон дар қиёс ба мусобиқаҳои солҳои қаблӣ беҳтарин вақтро нишон доданд. Пештар танкронҳои тоҷик барои анҷоми мусобиқа беша аз 30 дақиқа вақтро сарф мекарданд.      

Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана. Танковый биатлон - 2019
© Sputnik / Евгений Биятов
Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана. "Танковый биатлон - 2019"

Дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ" сарбозони тоҷик дар тирандозиву тезронии танк дастаи танкронҳои Кувайт шикаст доданд.

Зиреҳсаворони Тоҷикистон дар бахши тирандозӣ ба натиҷаи хубе ба даст оварданд. Ин бор аз се тир ду тирҳояшон ба ҳадаф расид.

Дастаи Кувайт дар бахши тирандозӣ натиҷаи хубе ба даст наоварданд. Ҳеҷ як тирҳояшон ба ҳадаф нарасид.

Сипас танкронҳои тоҷик монеъаҳои дигарро паси сар карда, ба ҷои муқарраршуда тонкашонро расонданд.

Бо истиқболи гарми тамошобинон дастаи Тоҷикистон сабқатро ба анҷом расонд.

Ёдрас мешавем, ки сабқати байналмилалии бозиҳои низомӣ рӯзи 3 августи оғоз ёфта то 17 август идома хоҳад ёфт.

Барчаспҳо:
Алабино, сабқати танкчиён, танку туп, танкистҳо, биатлони танкӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ