06:20 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото

Ба Маркази миллии тестӣ шикоятҳои беасос ворид шудааст

© Российский центр науки и культуры в Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Дар шаш соли фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президент, ягон аризаи шикоятӣ дар хусуси вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо ба марказ ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Дар тӯли 6 соли фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон аризаи шикоятӣ дар хусуси вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо ба марказ ворид нашудааст.

Ин нуктаро Мудири Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ 5 август зимни нишастӣ матбуотии ин ниҳод гуфтааст.

Ба зикри мавсуф, дар ин муддат аз тарафи баъзе довталабон аризаи шикоятӣ ворид шудааст, вале онҳо асос надоранд. Зеро худи довталаб ҳангоми пур намудани варақаи имтиҳонӣ ба ягон иштибоҳ роҳ медиҳад.

"Агар довталаб қоидаи пур кардани ҷавобҳоро риоя накарда бошад, дар ин сурат аризаи ӯ қабул намешавад. Бояд зикр намоям, ки агар довталаб аз холе, ки марказ аз рӯи имтиҳонҳо ба ӯ гузоштааст, норозӣ бошад ва вобаста ба нодуруст холгузорӣ кардани марказ асос дошта бошад, метавонад аризаи аппилятсионӣ пешниҳод намояд",- афзуд Директори Маркази миллии тестӣ.

Зикр гардид, ки яке аз бартариҳои марказ ин аст, ки ҳар як довталаб мустақилона метавонад холҳои бадастовардаашро ҳисоб намояд.

Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳони Марказонидаи Дохилшавӣ (ИМД) имсол дар ду марҳала – асосӣ (аз 1-уми март то 30 апрел) ва иловагӣ (аз 10 то 30 июн) гузаронида шуд. 

Дар ин давра барои иштирок дар ИМД-2019 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 94 ҳазору 754 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2018   1065 нафар кам аст. Аз ин теъдод 58 ҳазору 737 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шудаанд, ки эълони он 3 август ба тамоми довталабон ирсол гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 19 то 22 августи соли равон озмуни такрории азнавбақайдгирӣ сурат мегирад ва довталабоне, ки дар даври аввал нагузаштанд, метавонанд дубора аз қайд гузашта, сазовори номи донишҷӯӣ гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он  шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ мебошад.

 

Барчаспҳо:
дохилшавӣ, имтиҳон, ММТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ